
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Роғун иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст, ки дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии «Парчасой»-и деҳаи Парчасойи Ҷамоати деҳоти Обшорон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба кор андохтани чархаи дуюми НБО-и Роғун, ки дар ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатӣ барои давлату миллати тоҷик боз як саҳифаи таърихӣ оғоз ёфт, андешаронӣ карда шуда, ҳамагон ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят гардиданд.