БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ САТҲИ ЗИНДАГӢ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Матлубот” хониши сиёсӣ баргузор гардид.                 

Дар суҳбат атрофи моҳият ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ зимни баргузории ҷашну маросимҳо ва ба роҳ мондани корҳои хайру сахо ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии маънавии сокинон ва паст кардани камбизоатӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи созандагиву ватандӯстӣ, ба онҳо омӯзонидани донишҳои замонавӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, кор бо муосиртарин технологияҳои иттилоотӣ, доштани якчанд ҳунар ҳамчун талаботи замонавӣ ва дигар мавзӯҳои рӯзмарра суханронӣ намуданд.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузориҳои судманд сурат гирифта, иштирокдорон аз ин вохӯрӣ ба худ таассуроти хуб бардоштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg