БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО НАМЕГУЗОРЕМ БА ОРОМИИ КИШВАРАМОН АЗ ТАРАФИ ИН ШАХСИЯТҲОИ МАНФУР, ХАЛАЛЕ ВОРИД ШАВАД!

ВОКУНИШ. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз 16 то 26 сентябри соли 2019 дар пойтахти ҶумҳурииЛаҳистон шаҳри Варшава ҷаласаи солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор гардида истодааст. Дар кори ин ҷаласа дар баробари давлатҳои аъзо намояндагони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, аз қабили ҲНИ, Гурӯҳи 24, Паймони миллӣ, ки САҲА онҳоро ҳимоят мекунад, иштирок намуда, ба чашми мардуми олам хок мепошанд.

Мавриди зикри хос аст, ки ҳамин фитна, найранг ва дурӯғгӯиҳои Шумо наҳзатиён буд, ки ҳазорон нафар мардуми тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо нақшаҳои хоҷагони хориҷиатон фавтида, қисман аз хона бехона шуданд. Маҳз ҳамин фитнаву ваъдаҳои пучу холии Шумо ва баринҳои лаънати буд, ки қисме аз ҷавонони камсавод ба онҳо бовар намуда, барои пул шуда, дар ҷангҳои мусаллаҳонаи Ироқу Сурия “ба ҷанг” рафтанд.

Имрӯз парда аз рӯйи ҳама найрангу фиреби гуруҳи наҳзатиҳои лаънатӣ бардошта шудааст, мардум онҳоро бо чеҳраи аслиашон шинохтаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба онҳо лаънат мехонад ва бо нафрат онҳоро наҳзатиҳои лаънатӣ ном мебарад, зеро онҳо дар ҳақиқат наълат кардаи халқанд.

Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи чаҳонӣ беобрӯ намоянд, мо намегузорем, ки ба чунин корҳои ношоям даст зананд. Накшаҳои баде, ки ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур, хоину ватанфурӯш халале ворид шавад.

 

Шукрона Нуруллозода,

Мудири шуъбаи таблтғот, иттилоот

ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg