БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИШАСТИ САҲА: АЗ ОВОЗА ТО ҲАҚИҚИҚАТ

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар Варшава Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА ба ҳайси яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар идома дорад. Машварати мазкур бо ширкати давлатҳои узви САҲА ва дигар созмонҳои миллию байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмуаи масъалаҳои ин самтро баррасӣ мекунад.

Мувофиқи гузоришҳо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки воқеии масъулият манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистонро ҳимоя дорад ва бо муаррифии дуруст аз сиёсати давлатӣ инъикоси объективии воқеиятҳои ҷомеаи Тоҷикистонро муваффақона таъмин намуда истода аст.

Таҷрибаи бузурги музокира ва сулҳофарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони масоили сиёсӣ омӯхта шуда, ҳамчун ҳодисаи нодир арзёбӣ мегардад. Мутаасифона, ҳастанд нафароне, ки ҷиҳати амалӣ намудани манфиатҳои хоҷагони хориҷии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ин таҷрибаро инкор намуда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро дар самти арҷгузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нодида меиранд.

Имрӯз сару садоҳои зиёде баланд мешаванд, ки ҳайати расмии Тоҷикистон дар толорҳои машварат бо рақобати шадиди ба истилоҳ “мухолифин” рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Аммо кадом мухолифин? Оё онҳо ҳамон чанд шахси норозие нестанд, ки аз ҷавобгарӣ фирор карда, дар Аврупо бистари роҳат ёфтаанд ва аз дур ба воситаи шабакаҳои маҷозӣ ва фейкҳо мехоҳанд фазои мухолифат фароҳам бисозанд? Таҷрибаҳои сиёсӣ собит намудаанд, ки музокира бо ҳамон қувваи сиёсӣ ва ташкилоте имкон дорад, ки он ақаллан аъзо, пайрав ва заминаи иҷтимоии худро дар ҷомеа дошта бошад. Иловатан тасаввуроти онҳое, ки дар берунанд ва талош доранд худро ба ҳайси неруи муқтадир ҳарифи давлати Тоҷикистон муаррифӣ кунанд, аз ҳақиқат дураст. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, диди сохторию идорӣ, иқтисодӣ, қудратӣ ва ҳам аз назари зарфияти зеҳнӣ бисёр қавитар аз пеш аст. Давлат машғули ободонӣ, созандагӣ, миллатсозӣ, ваҳдатсозӣ буда, бо эълони ҳадафҳои стратегии миллӣ таърихи навини миллатро месозад. Аз ин лиҳоз, мухолифати чанд нафари афкораш қолабӣ дар муқобили раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллии мо ба ҳазён гуфтан монанд мебошад. Хуб мешуд, ки онҳо саргардонии беҳударо бас кунанд, ҳамчун шаҳрванд ба Тоҷикистон баргарданд ва дар созандагию бунёдкорӣ саҳм бигузоранд.

Имрӯз зиёданд нафароне, ки аз Сурия ва Ироқ, аз ҷабҳаҳои ҷанги террористӣ ба ихтиёри худ баргашта, аз ҷониби давлат авф шудаанд. Дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳот ворид намуда, Ҳукумати кишвар собит намуд, ки барояш ҳар як шаҳрванд қадр дорад ва баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва инсонии ӯ талош меварзад. Бахше аз роҳбарияти собиқи ҳизби манъшудаи наҳзат, ҳазорон нафар собиқ аъзои қатории он дар кишвар озод кору зиндагӣ доранд. Онҳо чандин баробари ин даъвогарони имрӯза фаъолтар буданд, аммо иштибоҳи худро пай бурда, роҳи дуруст интихоб карданд ва имрӯз дар Ватан осуда умр ба сар мебаранд. Кош, ин ба ном “мухолифин” виҷдон медоштанду ба хулосае меомаданд, ки агар саҳм намегузоранд, ҳадди ақал ба ҳаёти осоиштаи мо халалнарасонанд.

Аз нигоҳи дигар машварати мазкур майдони гуфтугӯи намояндагони расмии давлатҳо ва созмонҳост. Аз ҷониби дафтари САҲА ба ин ҳамоиш даъват шудани чанд нафар шаҳрванди норозӣ, ки худро Паймони миллӣ ном мондаанд, шояд аз он далолат намояд, ки мафҳуми амнияту ҳамкорӣ барои ин созмон ба мафҳуми низоъ ва бунёди минтақаи даргир тавъам бошад?

Пуштибонӣ аз онҳое, ки на барномаи бунёдӣ доранд ва на потенсиал, ба рисолати созмони мазкур латма мезанад. Навад дарсади тамоми матлабҳои ахири онҳо аз туҳмат, таҳқир, дашном, масхара, шахсиятсӯзии номардона ва дурӯғи рӯи рост иборатанд. Ин нишонаи ба охир расидани захоири ин афрод аст. Бовар дорем, ки ҳайати Тоҷикистон аз ин машварат бо сари баланд бармегарданд ва мақсади нопоки чанд ватанбезор чун нақш ба рӯи об ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт.

Фаррух Исоев, аъзои ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg