БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ МУҚАДДАС ВА АРЗИШМАНДИ МИЛЛАТ АСТ!

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як  миллат арзишмандтарин ганҷ мебошад ва барои рушду ташаккул  ва шинохти  миллат  дар арсаи байналмилалӣ мусоидати бузург  мекунад.  Вобаста ба ин мавзӯи муҳим дар  ташкилоти ибтидоии “Тоҷикобод”-и деҳаи Чу-чуи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш  намояндагони ҳизбӣ оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафту ободии кишвар, дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ дар тӯли 28 сол  андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки  заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат аст, ки мо мардуми   шарафманди тоҷик рӯз то рӯз ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расида истодаем. Моро лозим аст ба қадри ин неъмати бебаҳо ва хизматҳои  беназири  Президенти кишвар бо амалҳои созанда расида, ба дастгириҳову ғамхориҳо сазовор бошем.  

Инчунин,  дар идома  моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ба ҷамъомадагон фаҳмонида шуда, онҳо суҳбати  судмандро бо самимияти хоса ҷонибдорӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg