БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ БА ХОТИРИ РӮЙПӮШ НАМУДАНИ АМАЛҲОИ ЗИШТУ НАНГИН АСТ

ВОКУНИШ. Пас аз ошкор шудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористию эктремистӣ роҳбарияти ин ҳизб  ба хориҷ аз кишвар фирор намуда, дар кишварҳои аврупоӣ бо қавли хеш ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳаракатҳои худро идома дода истдааст. Пас аз номуваффақиятҳои зиёдашон дар роҳи ташкил намудани ким кадом иттиҳоди неруҳои созанда эълон намуданд, ки эъломия қабул карда, Паймони миллӣ  ташкил намоянд.

  Агар ба таъсисдиҳандагону аъзои  ин паймон назар кунем, ин паймони миллӣ на,  балки паймони панҷ нафаре мебошад, ки мақсаду ҳадафи аслиашон пушти парда пинҳон намудани аъмоли ҷиноии худи онҳост.   Мардуми тоҷик, ки чеҳраи аслии онҳоро медонад аз ин сабаб онҳо мехоҳанд зери номи нав худро “неруи созанда” муаррифӣ карда, дубора байни ҷомеа мавқеъ пайдо намоянд. Мақсади дигарашон бошад,  ба даст овардани маблағҳои зиёд аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон мебошад.

   Чи тавре қайд кардем ташкилкунандагони ин паймон зиёд нестанд, лекин ҳадафи нопоку иғвогарона доранд. Аслан ин гурӯҳ гурӯҳаки хурде мебошад, ки мехоҳанд бо ҳар гуна роҳ оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд.

    Имрӯз тааҷубовар он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин паймон, ки роҳбарият ва аъзои ҳизби террористию экстремистӣ мебошанд,  имконият фароҳам овардааст, ки дар ин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намоянд. Ин амалро метавон бозии сиёсӣ ва сиёсати духура номид, ки хело хатарнок аст.

   Дастгирии созмонҳову ташкилоти террористӣ аз ҷониби масъулини САҲА паёмади баде дорад, инро бояд масъулини ин созмони байналмилалӣ хуб дарк намоянд. Агар нияти Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо фароҳам овардани шароити музокира бо неруҳои мухолифини кишварҳо бошад пас бояд САҲА бо риояи қоидаҳои дипломатияи ҷаҳонӣ онро иҷро намояд. Агар мақсади ташкили чунин ҷаласаҳои САҲА барои дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бошад, пас бояд возеҳ инро бояд баён намояд. Мушоҳидаҳо низ нишон доданд, ки баъзе аз кишварҳои дигари узви  ин созмон,  аз ҷумла Россия, Туркия ва Озорбойҷон  барои   риоя накардани беъзе қоидаҳои ҷаласа эътирозҳо кардаанд. Созмонҳои байналмилалие, ки воқеан арзишҳои демократиро пайгирӣ мекунанд, бо гузашти замон  ҳиллаҳои наҳзатиёнро дарк менамоянд.

   Ҳизб ё гурӯҳе, ки бо маблағи хоҷагони хориҷӣ амал карда, паймону иттиҳод ташкил менамоянд дар худ мақсаду мароми нек дошта наметавонад.

    Аз иштироки намояндагони ин паймон дар ҷаласаи САҲА бармеояд, ки пушти инҳо кадом хоҷаи хориҷие меистад, ки барояшон дар чунин ҷаласаҳо шароит фароҳам меоварад.

    Агар ба барномаҳояшон назар кунем ин гурӯҳ  на барномаи ислоҳотӣ на иқтисодӣ, на  иҷтимоӣ, на тандурустӣ ва на маориф дарад. Куҷост барномаҳояшон? Танҳо аз номи дини мубини ислом истифода  карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Лек фаромӯш кардаанд, ки алакай   миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ инро медонанд. Ислом чист, мусалмон кист? Ин нокасон ҳатто мусалмон нестанд.  Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он сӯиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо теократияи радикалии экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин амоли ифротӣ аст.

Қумригул Гулмуродзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg