БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕСАВОДӢ БА ИФРОТГАРОӢ МЕБАРАД

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Яккадин» хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир карда шуд.

   Дар рафти чорабинӣ масъулин   иброз доштанд,  ки  терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва  осоиштагии  мардумро халалдор месозад.     Амалҳои террористӣ авзои ҷомеаи ҷаҳонро нором сохта, ҳамарӯза садҳо мардуми бегуноҳ қурбони чунин амалҳои ваҳшиёна мегарданд.  Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

   Дар вохӯрӣ масъулон таъкид доштанд, ки  бояд ҳамагон зиракии сиёсиро аз даст надода, дар тарбияи фарзандону наздикон масъулият эҳсос намоем ва барои иҷрои фазифаҳои хеш софдилона заҳмат кашем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg