БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ СОКИНОНРО БА КОРҲОИ ХАЙРУ САХО ҲИДОЯТ НАМУД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мардуми тоҷик дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона  гузашта, таҳти роҳбарии  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Ваҳдати комили миллӣ расидем.  Дар ин замина яке аз иқдоми муҳими  роҳбарияти  олии кишвар, ки  ба рушди давлат  ва мустаҳкам намудани  заминаҳои сиёсиву иҷтимоии  он мусоидат  намуд, ин аввалин маротиба  дар миқёси собиқ давлатҳои Шӯравӣ қабули қонунҳои миллӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Дар ин раванд дар ташкилоти ибтидоии «Навбунёд»-и Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардида, намояндагони ҳизбӣ  дар бораи қонуни  мазкур фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, сокинонро ба корҳои хайру сахо ба ҷои маъракаороӣ,  фароҳам овардани шароити хуб дар рӯзгори ҳаррӯзаи  фарзадон   ҳидоят намуданд.

    Инчунин, дигар паҳлуҳои сиёсати берунаву дохила ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg