БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ БОВАРИИ МАРДУМРО БА ДАВЛАТ КОСТА МЕГАРДОНАД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Коррупсия  таърихи қадима дошта, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад. Оромиву суботро халадор сохта, боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад. Бо  мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангин  дар ташкилоти ибтидоии «Одинамаҳмад Қосимов»-и Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон  вохӯрӣ баргузор гардида.  Дар вохӯрӣ  масъулини ҳизбӣ дар бораи    вазифаҳои шаҳрвандон дар самти  мубориза бар зидди  амалҳои коррупсионӣ бо роҳи ташаккули  мафкураи зиддикоррупсионӣ   андешаронӣ карда, ҳамагонро ба муборизаи беамон бар зидди чуни амалҳои  номатлуб   раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg