
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Низомӣ”-и шаҳраки Москва хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Зимни баромад қайд шуд, ки бояд ба раванди корҳои созандагиву ободонӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар ин баробар нисбати таъмиру тармими иншооти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин, махсусан деҳот диққати ҷиддӣ диҳем.
Дар қисмати Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳалла қубурҳои нави оби нӯшокӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии мазкур насб шуданд, ки ин иқдом боиси руҳбаландии сокинон гашт.