БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРОВОНИИ БОЗОР АЗ МЕҲНАТИ ДЕҲҚОН АСТ

ФАРХОР.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.     

      Дар Бозори марказии ноҳияи Фархор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

      Дар маҷлис масъулини ҳизбӣ  дар мавзӯи фаъол гардонидани  шаҳрвандон, аз ҷумла ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ,  хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ  сухан гуфтанд. Қайд карда шуд, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои нахустини роҳбарии хеш, барои баровардани мардум аз фақру камбизоатӣ заминро ба уҳдаи деҳқон дод. Сокинон  дар заминҳои бо ном “Президентӣ”   ба кишоварзӣ машғул буда зиндагии хешро пеш мебаранд ва ин яке аз ғамхориҳои Роҳбари давлат маҳсуб меёбад.   .

    Дар   вохӯрӣ  иштирокдорон  даъват шуданд, ки  дар ҷавоб ба  дастгириҳои Роҳбари давлат бо меҳнати садоқатмандона дар пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg