БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДИЮ НАШЪАҶАЛЛОБИ ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗО БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ШАҲРВАНДОН

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шибанай” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир  шуда, дар он намояндагони ҳизбӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.  Дар оғози сухан масъулин  доир ба   самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, аз ҷумла   фаъол гардонидани ҷомеа дар самти  мубориза бо нашъамандию нашъаҷаллобӣ, ки  зуҳуроти  хатарзо ба амнияти  миллӣ ва ҳаёти  осоиштаи шаҳрвандон мебошанд  андешаронӣ карданд.  Гуфта шуд, ки  муомилоти  ғайриқонунии маводи  нашъаовар дар баробари терроризму экстремизм яке аз сарчашмаҳои  таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар дунё миллионҳо нафар бо сабаби  истеъмоли маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорҳо ҷавонон   вориди ин бозори сиёҳ гардида  имрӯз аз озодӣ маҳрум ва ҷони худро бохтаанд.

   Таъкид шуд, ки ҳар яки моро лозим аст,  бар зидди чунин амалҳои нангин муборизаи беамон бурда, ҷомеаро аз  чунин  фасодкорӣ пок созем.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg