ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Хуррамзамин” баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроия дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, дар хусуси дастовардҳои 28-соли соҳибистиқлолӣ, рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, афзуд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик ба истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Ҳамзамон дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон дар якҷоягӣ барои таъмири мактаби ибтидоии деҳа масолеҳи сохтмонӣ кумак карданд, ки ин иқдоми нек барои таъмини шароити хуб дар фасли сармо мусоидат мекунад.