БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ БАРҚ ВА ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ ҲАҚҚИ ОН НИШОНАИ ФАРҲАНГИ БАЛАНД АСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.     

     Бо мақсади ба сокинон  фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи Сарчашма” вохӯрӣ доир карда шуд.

    Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин Вафо дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла ҳидоят намудани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ сухан гуфт. Аз ҷумла зикр намуд, ки самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

    Иштирокдорон аз суханрониҳои пурмуҳтавои баромадкунандагон таассуроти нек гирифта,   дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg