БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ВАТАН ҚАДАМҲОИ УСТУВОР МЕГУЗОРЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо  мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Зиракӣ” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Роғун- кохи нур аст!”  бо иштироки  роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи мазкур доир карда шуд.

     Масъулон вобаста ба кушодашавии агрегати  дуюми НБО-и Роғун, ҳамчун иншооти муҳими аср сухан гуфта, барои расидан ба  истиқлолияти  комили энергетикӣ  сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ,   пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашударо зарур шумориданд. 

     Инчунин,  бо ташаббус ва  дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб  дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Эшмурод Ниёзов пули  назди деҳа, ки фарсуда гашта дар рафтуомади нақлиёт  монеа мегашт, аз  таъмири хушсифат бароварда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg