БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ВАКИЛ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.      

   Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ёвон-29»  бо сокинони ноҳия   баргузор гардида истодааст.

    Чунин як вохӯрии судманд дар бинои Ҷамоати шаҳраки Ёвон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мақсудҷон Раҳматуллоев  ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон Ситаммурод баргузор гардид. Дар вохӯрӣ бандҳои   Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ   ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мавриди омӯзишу баррасӣ қарор   гирифтанд.

    Дар идома  интихобкунандагон ба вакили мардумӣ  дархосту муроҷиатҳои хешро пешниҳод карда    ҷавобҳои саҳеҳу қаноатбахшкунанда  гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg