БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШИ МИЛЛӢ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Шар-шар” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

  Дар хониши сиёсӣ   раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияи Данғара дар бораи  моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва таъминкунандаи  сулҳу суботу амнияти кишвар, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ки  яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Тоҷикистон  ва ҲХДТ мебошад, суханронӣ кард. Афзуд, ки  яке аз рукунҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд.

     Барои иштирокдорон вохӯрии мазкур  судбахшу хотирмон буд ва онҳо     пешниҳод карданд, ки чунин чорабиниҳо  бештар ба роҳ монда шаванд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg