БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ БУЗУРГ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

         Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тропикӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

       Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ  гуфта шуд, ки Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷаҳониён мешиносанд ва хушбахтона халқи дунё ба тамоми рукнҳои давлатдории миллии мо эҳтироми хоса доранд, ки ин барои мо мардуми шарафманди тоҷик мояи ифтихор  ва иқболи наку  аст. Пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистон аз шарофати Истиқлолият, сиёсати ояндаофари халқи тоҷик ва хираду тавоноии мардуми бонангу номус ба ҳазорсолаҳо баробар аст, ки имрӯз ҳамаи мову шумо бевосита шоҳиди  рӯйдодҳои тақдирсоз ҳастем.

        Вохӯрӣ хотирмон  ва судманд баргузор шуда,  иштирокдорон таассуроти нек бардошт намуданд. Иброз доштанд, ки  чунин чорабиниҳо аз ҳар ҷиҳат ба манфиати мардум мебошад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg