БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТУ ОБОДИҲО АЗ ШАРОФАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сулҳ”-и Ҷамоати деҳоти Узун дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузарониданд.

Дар вохӯрӣ масъулин атрофи ба кор оғоз кардани агрегати дуюми НБО Роғун,  дастовардҳои  28-соли  соҳибистқлолӣ,  сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ноҳияи Мӯъминободу шаҳри Кӯлоб сухан гуфта, ҳамагонро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон, ба хусус тавассути ҳашар ва иштирок дар корҳои ободонӣ раҳнамоӣ намуданд.

     Баъдан сокинон дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дастаҷамъона дар назди ташкилоти ибтидоии мазкур  ҷойхонаи маҳалли иборат аз ду ҳуҷраро таъмир карданд, ки  ба ҳусни деҳот ҳусни дигар зам намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg