БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ БО СИПОСНОМАИ ҲХДТ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  

      Вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзои  ташкилоти ибтидоии «Тутзор»  бо мақсади тарғибу  ташвиқи   қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон”, «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» ва   ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  баргузор   гардид.

    Дар  вохӯрӣ Маҳмадовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ  вобаста ба тараққиёти  Тоҷикистон  дар  тӯли   соҳибистиқлолии кишвар  сухан гуфта,    дастовардҳоро   самараи Ваҳдати  миллӣ ҳисобид,  ки  бевосита  бо  саъю  талошҳои  Пешвои миллат  ба даст омадаанд.     

     Дар навбати худ ҷавонони деҳот  ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи  Роҳбари  давлат дар пешрафту ободии маҳали  зисти худ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

      Дар охир  чанде аз ҷавонон, ки дар амалигардии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ  саҳми муносиб гузоштаанд, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроия  сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg