![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/80OcxfKZTjIohAGtVsKiHmanehH_2.jpg?itok=0UFV2c51)
ВОКУНИШ. Ростӣ, имрӯз як гурӯҳ ҳамдеҳагон, ки масалаҳои гуногунро баҳс мекарданд, аз ман пурсиданд «чӣ бояд кард дар муқобили «апазитсияи тоҷик?»», яъне наҳзатиҳоро дар назар доранд, пеш аз посух гуфтан ба зеҳни ман дар муқобили ин савол чанд суоли дигар омад, ки апазитсияи тоҷик, яъне кӣ? Оё онҳо апазитсия ҳастанд ё каси дигар? Оё онҳо ба апазитсия гуфтан меарзанд ё на? Оё апазитсия будан ин танҳо туҳмату таҳқир кардан аст? ва чандин суолҳои ба ҳамин монанд.
Имрӯз видеоеро, ки дар гӯшаи сайти ба гурӯҳҳои террористию экстремистии наҳзату гурӯҳи 24 алоқаманд гузошта шудааст, тамошо кардаму ростӣ каме ба фикр фурӯ рафтам. Гуфтам, ин ҷаласаи САҲА буд ё майдоне барои туҳмату таҳқир?! Чаро як гурӯҳи авбошбашара ба намояндаи як кишвари узв, ки субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи башарист, ҳамла мекунанду касе тавозунро на ҳимоят, балки тавозунро риоя намекунад, ки ҳамин як нафар имкон дошта бошад, ки ба суоли як даҳнафараи мурдор посух гӯяд? Оё миссияи САҲА ҳамин аст, ки обрӯи узви худро резонад? Оё САҲА фаромӯш кардааст, ки ӯ низ дар баробари як кишвар як субъекти ҳуқуқи байналмилалист, на зиёда аз ин? Ин чи ташкилот аст?
Чаро ба даҳ нафари наҳзатӣ 2 дақиқаи вақт медодааст, то ки суол диҳанду боз имкон медодааст, ки бо мағзи пӯчи худашон ба саволаш боз посух гӯянд, аммо ба намояндаи ҳукумати Тоҷикистон ними вақти даҳ нафар, яъне 10 дақиқаро намедодааст? Чи тавр як инсон метавонад ба суоли дар 20 дақиқа додашудаи наҳзатиҳои хоин дар панҷ дақиқа посух гӯяд? Оё худи ҳамин модератор, ки маълум аст, одами худи наҳзатиҳосту номи наҳзатиҳоро аз худашон дида хубтар медонаду талаффуз менамояд, метавонад? Оё мешавад ва аз рӯи инсофи аврупоист, ки ба суоли додашудаи наҳзатӣ ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон посух гӯяд ва ба Кабирӣ, ки чунон бовиқор монанди шери ҷангал нишастааст, имкони луқма партофтан тияду ба намояндаи дигар ё худи посух гӯянда не???!!! Садҳо суоли дигар!!!
Аммо суоли аслии ман ба наҳзатиҳо, ки Ҳукумату роҳбари кишвари моро таҳқир менамоянд, ин аст: Ба онҳо ки ҳуқуқ додаст, ки намояндаи Ҳукумати Тоҷикистонро саволборон майлаш, аммо водор ба исботи гуфтаҳои ботили онҳо кунад? Чаро бояд Раҳнамо исбот кунад, ки Ҳайит ва чанд террористи дигар, зиндонии сиёсӣ нестанд? Магар онҳо намедонанд, ки ҷурми аъзои ҳизбашонро мақомоти Тоҷикистон исбот кардаву онҳоро бо ҷиноят зиндонӣ кардаанд? Чаро ба ҷои саволҳои провакатсионӣ онҳо бо далели он, ки аъзои наҳзат гунаҳ надоранд ва муқассири ин ҳама бадбахтиҳои бар сари миллат омада нестанд, баромад намекунанд? Магар Раҳнамо уҳдадор аст, ки боз исбот кунад, ки наҳзатиҳо бегуноҳанд? Магар ин чиз барои Раҳнамо лозим аст ва ё барои наҳзатиҳо?
Агар барои наҳзатиҳо лозим бошад, пас бигузор ба ҷои савол далел биёранд ва исбот кунанд, ки аъзоёнашон бегуноҳанд!
Ё чизи дигар, чаро ин гурӯҳ танҳо барои озодии Ҳайит пофишорӣ мекунанду аз дигарон намегӯянд? Магар иллаташ дар рӯзноманигору часпиш доданашон ба ҳуқуқи озодии баён нест? Агар ин тур аст, чи тавр САҲА дарк намекунад, ки инҳо сӯйистифода аз арзишҳои аврупоӣ мекунанд? Агар ин хел нест, чи тавр ва чаро мақомот Ҳайитро шиканҷа мекардаасту масалан, Ҳусайниро, ки ӯ низ муовин буд, не? Ё магар Сайфулло низ рӯзноманигор набуд? Магар ин ҳамон Ҳайит нест, ки латукӯби додарарӯсҳояшро ҳам дар сари мақомот бор карда буд? Магар Ҳайит бегуноҳ аст, гуфтани наҳзатиҳо, на ҲНИ нишони он нест, ки наҳзатиҳо террористию экстремистӣ будани ҳизбашонро медонанду боре аз ҳизб нею аз чанд аъзои он мегӯянд??? Даҳҳо агару магари дигар. Аммо…
Медонед барои чӣ САҲА наҳзатиҳоро ба ин кор водор нею намояндаи ҳукуматро ба ин кор водор менамоянд? Барои он, ки САҲА ба як майдону минбари террористон, зери шиори демократияву ҳуқуқи инсон табдил ёфта истодааст ва намедонад, ки ин террористон ҳамон чӯҷаҳои аз тухмбаромадаи ҳизбу ҳаракатҳое мебошанд, ки оҳиста - оҳиста дарди сари аврупою амрико низ хоҳанд шуд. Ин ҳамон гурӯҳе аст, ки сиришташонро дар чанд рӯзаки таъсиси Ҷумҳурии исломии Қаротегин ба намош гузошта буданду аз қонунҳои дар чанд рӯз қабулкардаашон бӯйи ифроту таассубу зулм меомад на демократияву ҳуқуқи инсон.
Ин ҳамон гурӯҳ аст, ки бо ҳамон роҳҳои бар сари ҳукумат бормекардаашон, яъне дастгирии кишварҳои алоҳида мехостанд, ки болои сари ин миллат ҳукм кунанд. Ин ҳамон гурӯҳе ҳаст, ки роҳбарашон Кабирии хоин бовиқор мегӯяд, ки «мо дар садади ғалаба будем, ки ҳукумат ба мо дасти сулҳ дароз кард!», аммо роҳбари интихобкардаи миллатро (албатта, инҳо ба иродаи миллат коре надоранд!), фюреру тиран меноманд, аммо дар гуфтаҳояш ҳеҷ фарқи худро аз Гитлеру Чингизхону дигар истилогарони миллат намебинанд! Ин ҳамон гурӯҳест, ки роҳбараш бовиқор мегӯяд, ки мо дар садади ғалаба будем, аммо моҳияти гуфтаҳои худро дарк намекунанд, ки ғалаба бо кӣ? Бо миллати худ, бо миллати тоҷик? Пас ту чи фарқ аз истилогари муғулу турку араб медоштӣ ё бо ин андешаат дорӣ?! Пас агар ту ғолиб мешудӣ, фарқи ту аз истилогаронӣ аҷнабӣ болои ин миллат дар чӣ мебуд???
Албатта, даҳҳо суоли дигар, ки мехоҳам ҷавобашро аз ин хоинону хоинбачаҳо гирам. Аммо ҳайҳот, ки инҳо гӯши кар доранд.
Ана ҳамин суолҳо ва посух ҷӯстанам ин гурӯҳҳоро дар назари ман як гурӯҳи иғвогарӣ, ифротии террористу экстремист ҷилвагар месозад. Агар кор ҳамин гуна идома ёбад, дур нест, ки ин гурӯҳ мафҳумҳои «терроризми мӯътадил» ва «террористи мӯътадил»- ро ҳам рӯи кор биёваранд ва ҳамин САҲА онҳоро дастгирӣ кунад.
Албатта, ба хотири манфиати кишварҳои маблағгузор ва аҳдофи геополитикии кишварҳои алоҳида!!!
Саидшо Саидов, корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ва як гурӯҳ сокинони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон