ВОКУНИШ. Мусаллам аст, ки баъди барҳам хурдани сохти Шӯравӣ аксари ташкилотҳои ба ном ёрирасону ҳимоягари ҳуқуқи инсон, ки аслан дастнишондоди кишварҳои ғарбианд, ба сиёсат ва ҳаёти минбаъдаи давлатҳои пасошӯравӣ мароқ зоҳир карданд. Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо низ дар доираи татбиқи сиёсати баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишвари мо ба фаъолият оғоз намуда, барои пурра дигар намудани фазои идеологӣ ва решакан сохтани низоми барҳамхурдаи Ҳукумати Шӯравӣ дар ниҳоди мардуми мо ғоя ва навгониҳои ғарбиро дар либоси ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон татбиқ менамояд. Фикр менамоям, ки пазируфтани раванди ҷаҳонишавӣ низ хостаҳои ин созмони дар гузашта бонуфузу имрӯз манфиатдори гурӯҳӣ буд, ки дар доираи ин сиёсат кишварҳои зиёд бо ғутидан ба ботлоқи ҷаҳонишавӣ аз асли хеш дур шудан гирифтанд.
Воқеан, ҳуқуқи инсон ин принсипи хеле ҳассос барои тамоми давлатҳои дунёст. Вале давлат низ муваззаф аст, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонаш назорати ҷиддӣ дошта бошад. Маҳдуд кардани ҳуқуқи баъзе аз шаҳрвандон танҳо ва танҳо ба хотири оромӣ ва осудагии дигар шаҳрвандон аст, ки ин таҷриба дар кулли давлатҳои сайёра санҷида шудааст. Чаро ки дӯзду авбош дар озодӣ бошад, дар сурате амалу беамалии ӯ ба ҷомеа хатарзост! Оё барои ҳимояи ҳуқуқи ӯ бояд манфиати ҳуқуқии дигар шаҳрвандон, ки дар дохили давлат кору зиндагӣ доранд, поймол гардад! Куҷост баробарӣ ва адолати сиёсию иҷтимоӣ! Оё сари роҳи ҷинояткорро гирифтан ба хотири осоиштагии дигар сокинон магар поймолсозии ҳуқуқи шаҳрванд аст! Ин саволҳо аз муддаиён ва дастандаркороне, ки дар либоси ҳуқуқи шаҳрвандон кору амали кадом як гурӯҳ ва афродеро ба хотири манфиатҳои шахсию гурӯҳи пиёда месозанд, ҷавобҳои воқеъбинона мехоҳанд.
Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо низ тайи чанд соли охир рисолати азалии худро фаромӯш сохта, бо дастгирӣ аз мухолифин пайи нооромсозии вазъ дар кишвар аст. Агар не, чаро дар ҳар маърӯзаю баромадҳо ба шахсиятҳое, ки ба ҷузъ аз хиёнату сиёҳкорӣ дигар назди мардуми мо ягон рисолати воқеӣ надоранд, ҳамеша минбар медиҳад.
Метавон ёдрас шуд, ки ҳуввият ва фарҳангу ҷаҳонбинии шарқиёна танҳо хоси мардуми шарқ асту халос! Он ғоясозии ғарбгароёна куллан ба фарҳангу маданияти шарқиёнаи мо рост наомадаасту намеояд. Мебояд пеш аз назарсанҷӣ ва баҳогузорӣ ба ин нуқтаи ҳассос эътибор дод.
Дунболи се –чор асолатбохтаи аз таги дор гурехтаро гирифтану ҳаю-ҳӯй бардоштан дар долонҳои Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо эътибори ин созмонро дар кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифр баробар месозад. Оё мешавад, ки аз террористон, гурӯҳе, ки танҳо манфиаташ аз байн бардоштани асосҳои сохтори конститутсионист дар созмонҳои ҷаҳонӣ минбар доду онҳоро ба давлатдорию давлатсозӣ талқин кард! Албатта не!
Ин ҷо дар зеҳн фикре ташаккул меёбад, ки Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз рисолату масъулияти худ дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон фарсақҳо дур рафтааст ва ба дастгирию эътимоди он метавон бо шубҳа назар кард.
Бинобар ин, месазад ҳар як фарди содиқи ин Ватан ба фаъолияти минбаъдаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз даричаи ақлу хирад бо назардошти манфиатҳои умумимиллӣ назар кунад, вагарна рушди давлат ва миллати моро амалкарди ин созмон тайи солҳои охир хостгор набуданаш аз эҳтимол дур нест.
Абдуллозода Ҷалолхон,
вакили Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Ш. Шоҳин