БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ ҲОЛО ПМТ ШУДААСТ, ЯК МАРОТИБ БАР САРИ ҚУДРАТ ОМАДА 150 ҲАЗОР ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО БА ҚАТЛ РАСОНИДА БУД!

ВОКУНИШ. Санаи 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон Анҷумани солонаи САҲА ба кори худ оғоз кард. Дар ҷаласаҳои САҲА бо шумули давлатҳои аъзо вақтҳои охир гурӯҳҳои террористӣ-экстримистӣ низ роҳ меёбанд, ки ин гувоҳи духурагии сиёсати ин созмонро бозгӯ мекунад. Аз ҷумла созмонҳои зертобеъи ташкилоти террористӣ-экстримистии наҳзати исломӣ ба монанди “Паймони миллӣ”, Гурӯҳи 24 ва ғайраҳо иштирок ва баромад намуданд.

Ба гуфти Муҳиддин Кабирӣ ва шогирдонаш гӯё Паимони миллии Тоҷикистон созмони миллӣ буда, ормонҳои миллӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷикистонро ҳифз мекарда бошад. Шумо дар давлатҳои аврупоӣ зиндагӣ карда, чихел ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷикистонро муҳофизат мекунед? Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз тарафи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва органҳои ҳифзи ҳуқуқ хело хуб муҳофизат карда шуда истодаанд, мардуми Тоҷикистон зарурат ба кӯмаки ҳеҷ як созмон ё гурӯҳи аз хориҷ идорашаванда ниёз надорад.

Маҳз бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ барқарор гашта, тамоми мардуми тоҷику тоҷикистонӣ ба корҳои ободонию созандагӣ машғул гардида истодаанд. Ҳамаи он харобкорию вайронаҳое, ки шумо дар соли 1992 то соли 1997 ва ин ҷониб кардаед дар зери роҳбарии дурандешонаву хирадмандона ва созандаю бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ бартараф карда шудаанд. Дар давоми 28 соли Истиқлолият Тоҷикистон ба як давлати амн ва ру ба инкишоф табдил ёфтааст.

Мувофиқи гуфтаҳои шумо Паймони миллии Тоҷикистон ташкилоте мебошад, ки манфиатҳои миллиро бояд ҳифз намояд. Оё ягон манфиати миллиро шумо ҳимоя мекунед аз гуфтаҳои роҳбарияти ПМТ бармеояд, ки онҳо ният ба сари қудрат доранд. Бас нест, ки ҲНИ , ки ҳоло ПМТ шудааст, як маротиб бар сари қудрат омада 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қатл расонида буд. Акнун боз нияти ба сари қудрат омадан доред, ки ин нияти шумо ба несту нобуд кардани садҳо ҳазор одамони бегуноҳ амали мешавад.

Тамоми давлатҳои олам ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби экстремистиву террористи эътироф кардаанд, бинобар ин сабаб шумо ин ҳизбро номашро дигар карда, ПМТ ном мондед. Нияту мақсади ҲНИ ва ПМТ як чиз аст, несту нобуд кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва низоми дунявӣ ва сохтани давлати исломӣ ва ҳамчунини бар сари қудрат омадани шумо. Барои амалишавии ин ниятҳои нопоки худ шумо чи қадар дуруғу туҳмат мезанед, ки гуё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи идораи кишвар намебаромада бошанд. Агар муваффақиятҳои соҳибистиқлолиро пеши назар биёрем

  • Шар Шар , Хатлон, Истиқлол, Шаҳристон ба кор даромадани НБО Сангтуда 1 ва 2 Чархаҳои 1 ва 2- НБО Роғун ва дар давраҳои соҳибистиқлоли сохта ба истифода додани 300 неругоҳи барқии обии хурду миёна, ки иқтидори энергнтикии кишвар дар ин давра 1900Мвт зиёд шуд, беш аз 2100 км роҳҳои мошигарди аҳамитяи байналмилалию ҷумҳуриявидошта зиёда аз 1000 км роҳҳои мошингарди дохилии бунёду таҷдидшуданд. Магар ин созандагию бунёдкорӣ ва пешравӣ нест.

Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 км роҳи дохилию байналмилали ва 45 пул ба анҷом расонида шуд.Тайи солҳои охир натиҷаи бунёду шоҳроҳои мошингарди байналмилали ва пайвастани Тоҷикистон ба роҳҳои мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қирғисизтон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳади бо Узбекистони ба мо дусту бародар кишвари мо аз бунбасти камуникатсиони раҳои ёфт.

Дар даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун як давлати амну рӯ ба инкишоф эътироф карда, ки дар ин асос соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шудаанд.

Аз Тоҷикистони биҳиштосои мо дар соли 2018 зиёда аз 1 милион сайёҳон дидан намуданд, ки онҳо дар бораи тоҷикону тоҷикистониён баҳои хеле хуб доданд.

Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият карда, то ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ба комёбиҳои хубу назаррас ноил хоҳем гашт. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони азизи мо дар давраи кутоҳи таърихи ба яке аз кишварҳои ободу зебо ба пешрафтаи олам ва халқи шарифи Тоҷикистон ба зиндагии арзандаву шоиста мушараф хоҳад гашт.

Г.Сайдалиев,

мудири шуъбаи таблиғот,

иттилоот ва матбуоти

  • н.Ҳамадонӣ.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg