БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАЙРАНГИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁН ДАР САҲА!

ВОКУНИШ. Санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшава пойтахти Лаҳистон, ҷаласаи солонаи  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  оғоз шуд, ки интизор аст то санаи 26-уми сентябр идома кунад.   

Дар ин нишаст дар баробари давлатҳои аъзову дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ ашхоси бо ном “мухолиф”-и тоҷик ва гурӯҳҳои террористӣ-экстримистӣ низ ширкат доранд. Албата ба фикри шахсии ман набояд Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо чунин шахсонро ба нишасти худ роҳ медод.

Ин пеш аз ҳама обуру ва эътибори ҳамин созмонро мерезонад. Дар бораи иштирокчиёни ин нишаст, ки худро аъзои Паймони миллӣ меноманд рости ин на паймон аст ва на миллӣ.

Воқеан, хандаовар ва шармовар аст ин паймонро “миллӣ” унвон кард, зеро наҳзатиён, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо руй гардонд, радди маърака шуданд ва ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеаи солим нодаркор гаштанд, худашонро аввал пора-пора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ “паймон” бастанд.

Ба қавле Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофуддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гуё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро ташкил медодаанд, 12-уми сентябри соли 2018 паймони дурӯғин баста, ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғу ташвиқ доранд, ки мо як қувваи сиёсии ва мухолифини ҳукумати Тоҷикистон мебошем. Чунин намоишҳои таққалубии онҳо ба хотири манфиат ба даст овардан аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон роҳандозӣ шуда истодаанд.

Аъзои он паймони дурӯғин иборат аз чор қаллоби мардумфиреб ҳастанд, ки мехоҳанд аз хориҷ сулҳу суботи моро халалдор созанд. Мо мардуми шарифи кишвар бахусус сокинони вилояти Хатлон табоҳкориву қатлу куштор ва ваҳшату даҳшатафкании ТЭТ ҲНИ-ро бо чашми сар дидаву бевасита дар ҳаёти худ эҳсос намудаем.

Хоинони миллати тоҷик яқин бидонанд, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба ҳадафҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Мурдуми шарафманд ва бонангу номуси Тоҷикистон он амалҳоеро, ки аз солҳои навадуми асри гузашта то имрӯз бо дастгирии хоҷагонашон анҷом доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Дигар мардум аз онҳо безоранд. Онҳо обруи Ватан, маҳали худро резонидаанд, аз рафтори шуми онҳо ҳамдеҳагону ҳамватанонашон ҳамеша дар хиҷолатанд.

Дар шабакаҳои интернетӣ мебинем, ки онҳо бо суханони бофтаю дуруғини худ мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд, вале мардум ки будани онҳо ва мақсадҳои ғаразноки ин гуруҳӣ террористиро медонанд ва онҳоро маҳкум мнеамоянд.

Бинобар ин мо ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат карда мегўем, ки ҳаргиз ба дасисаву фитнагарии намояндаҳои ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконашон бовар накунанд ва дода ҳам нашаванд!

Мардуми Тоҷикистон дар муҳити сулҳу субот дар ҳамдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зисту зиндагонӣ доранд.

Мо миллати тавоноем ва арзиши Истиқлолиятро, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмату машақати зиёд ба даст овардаем медонем.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик мебошад. Мо аз ин миллати баруманд ифтихор дорему ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат менамоем.

Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, бо Сарвари эҳёгару ободкораш Эмомалӣ Раҳмон !

 

Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом,

вакили Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Бохтар аз ҲХДТ 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg