![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/27337246_152217538830833_1882533666918231268_n_2.jpg?itok=a8_CoGoB)
ВОКУНИШ. Тавре аз расонаҳои интернетӣ огоҳи дорем санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) шаҳри Варшава ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи вазъи ҳуқуқи башар баргузор гашта, ин ҷаласа то 26 сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Дар ин ҷаласа аъзоёни созмони ба қавле “оппозитсионӣ” – ҳизби террористии наҳзати исломӣ бо раҳбарии Муҳидин Кабирӣ ва аъзоёни паймоне бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки соли 2018 таъсис дода шуда буд, шаркат меварзанд.
Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯиё чор гурӯҳи алоҳидаи “мухолифин”-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Ба ин берӯгиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат ҳар чори ин нафар саҳнаи имзои созишномаро бозӣ мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин. Ин намоиши тақаллубӣ нишон дод, ки ҳизби наҳзатро, ҳатто, ҳизб ҳам гуфтан мумкин нест, ҳарчанд ҳизби террористӣ бошад ҳам. Он ташкилоти қаллоби мардумфиреб ҳаст.
Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз гурӯҳҳои ифротагарову тундгароӣ ба монанди “Паймони миллӣ”, ТЭТ ҲНИ, ва Гуруҳи 24 барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лӯхтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри асосии саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон аст.
Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум пеш аз ҳама манфиату дастовардҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.
Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз мағзшӯии ҷавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардид. Хусусан, пас аз таъсисёбии ДИИШ сиёсати террористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Наҳзатиён аз ғалабаҳои муваққатии гурӯҳи террористии “Ихвонулмуслимин” дар Миср ва ДИИШ дар Ироқу Сурия рӯҳбаланд гардида, дар Тоҷикистон амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъолтар намуд. Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшиши табадулоти ҳарбӣ, воқеаи нангини куштори сайёҳони хориҷӣ, ки наҳзатиён содир намуданд, боиси тааҷҷуби мардуми кишвар гардид. Дар куҷо дидаед, ки тоҷик меҳмони худро бикушад. Наҳзатиён бо ин амали нангинашон дигарбора собит кардаанд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу имонӣ дар вуҷудашон нест.
Ҳасанзода Тағоймурод,
узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун,
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун