БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲБУДИИ ҲАЁТИ ҶАВОНОН БА ХОТИРИ ОЯНДАИ НЕКИ ТОҶИКИСТОН АСТ

АНДЕША. ТҶҶ «Созандагони Ватан»  бо он мақсад дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки  ҷавонон ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он  24 сол мебошад ва 35 фоизи аҳолиро нафарони синни аз 14 то 30-сола ташкил медиҳад.

Бинобар ин, ҷавонон  бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошанд. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоянд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардад, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳад.

  Дастовардҳои сиёсии солҳои охири ҷавонони ҲХДТ зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси муаззами ҲХДТ, ки дар маҷмӯъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат буда, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ба пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт такони ҷиддӣ бахшидааст.

Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд.

Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созад.

Фаромӯш набояд кард, ки танҳо ҷавони воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.

Дар доираи сиёсати ватандeстона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҲХДТ барои ғанӣ гардонидани тафаккури маънавии насли ҷавон дар кишвар садҳо муассисаҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таълимии замонавию ҳозиразамон бунёд гардида, бо беҳтарин таҷҳизот ва шароити арзанда муҳайё мебошанд. Ҷавононро мебояд аз имкониятҳои мавҷуда васеъ ва самаранок истифода намоянд, зеро даврони ҷавонӣ  ба мисли дарёи равон гузарон асту бебозгашт. Ҷавононро зарур аст, ки аз Пешвои муаззами хеш пайравӣ ва ифтихор намоянд, зеро мо хушбахтарин ва баландтолеътарин ҷавонони даврони хеш ҳастем, ки мавқеу манзалатамон аз ҷониби Сарвараи давлат ва Ҳукумати кишвар эътироф мегардад.

  Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда илҳомбахши кору пайкор, ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон мебошанд.   Ҷавонон бояд  парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагию бунёдкориҳоро баланд афрохта, дар сафи пеши созандагони тақдири Ватан қадам гузоранд!

  Ҷавонони мо бояд бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азизу ягона мақсаду мароми зиндагӣ ва ормонҳои волои онҳо мебошад.

Бобобеков Хусрав,

роҳбари намояндагии ТҶҶ

"Созандагони Ватан" дар ноҳияи Ёвон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg