![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190902_121502.jpg?itok=oOgbCCkO)
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Чагам»- вохурӣ доир намуданд.
Зимни баромад масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, роҳҳои пешгирии гаравиши ҷавонону наврасон аз амалҳои номатлуб ва маданияту фарҳанги ба мо бегона ва роҳу усулҳои расидан ба шароити арзандаи зиндагӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва татбиқи амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбат оростанд.
Дар қисмати интиҳоии ҷамъомад Аксияи ҳизбӣ аз ҷониби сокинон дастгирии ҳамаҷониба ёфта, бо руҳбаландӣ аз Ватану ватандорӣ баҳри ободу зебо ва тозаву озода намудани як гӯшаи диёр як қатор корҳои ободонӣ гузаронида шуданд.