А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳибӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сохтмончӣ»-и назди ҶДММ «МПМК-Хоҷамастон» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулон дар баробари фаҳмонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ, баланд бардоштани маърифати ҳизбӣ, ва оид ба дигар мавзуъҳои рӯзмарра суханронӣ карда, ҷамъомадагонро барои дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан бар муқаддасоти миллӣ ва ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.