БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БА ОСУДАГИИ ҲАР КИШВАР ВА СОКИНИ САЙЁРА ДОРАД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Саъдӣ Қараев»-и Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон  вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

   Масъулин дар баромади хеш вобаста ба баланд бардоштани  сатҳи огоҳии  мардум дар мавриди  хатари терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон  ба ташкилотҳои  экстремистиву  террористӣ фикру андешаҳои худро баён доштанд.  Қайд намуданд, ки    экстремизму терроризм  низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм зуҳуроти  нав нест.  Он вабои  аср,  хатари осудагии  ҳар як кишвар  ва сокини сайёра аст .

   Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбатҳои судманд сурат гирифта, ҳамагон ба ҳушёриву зиракӣ  ва мубориза бар зидди амалҳои нангин ҳидоят  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg