
ХОВАЛИНГ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар пайи дастгирии сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 50 нафар хонандагон, ки онҳо кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат буданд аз қабили либоси мактабӣ ва ашёҳои хониш кӯмак кард.