
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Турсунзода»-и маҳаллаи №3-и Ҷамоати шаҳраки Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин аҳамияти сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шарҳу тавзеҳ дода, атрофи аҳамияти НБО Роғун дар рушди соҳаи саноат ва хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, сокинони маҳал даъват шуданд, ки дар самти расонидани кумак ба ятимон, бепарасторону оилаҳои камбизоат ва ободу хуррамгардонии ҳудуди маҳаллаашон бетараф набошанд.