БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ РОҲНАМУН СОХТАН ВАЗИФАИ МОСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёси доир намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулони ҳизб   оид ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба баланд бардоштани маъданияти шаҳрнишинӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Иброз шуд, ки ватандӯстӣ набояд дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту ба амали муайян воқеият пайдо накардааст, намоишкорӣ ва назарфиребист. Дигар паҳлуҳои  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg