БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМХОРӢ НИСБАТИ ЯТИМОН БЕШТАР МЕГАРДАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи “Ишмурод Ниёзов”  хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ атрофи бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад кард. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки  Паём фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтаст.  

      Ҳамзамон, баҳри иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, дар доираи  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 1 нафар ятим Холида Маматқулова истиқоматкунандаи деҳаи Чорбоғи ҷамоати  мазкур кумаки моддӣ  расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg