БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ҶАВҲАРИИ АСОСИИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ МЕБОШАД

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.        

        Дар ташкилоти ибтидоии соҳаи  тандурустии ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.   Муовини раиси ташкилот Анвар Мирзоев меҳмононро муаррифӣ намуда, оиди ба саҳми кормандони соҳаи тиби ноҳия дар зарфи 28 -соли соҳибистиқлолии кишвар дар пешбурди сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат,   суханронӣ намуд.

       Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Мақсудҷон Раҳматуллоев дар баромадаш гуфт, ки   нақши табибони ноҳия дар  таъмини сулҳу салоҳ ва  Ваҳдати миллӣ бағоят калон буда, итминон дорем, ки  ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо бузургтарин дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

     Дар охир аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба як қатор табибони  фаъол Сипосномаҳо тақдим шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg