
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деӽаи Кадучии Ҷамоати деӽоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин дар бораи хатари терроризму экстремизм ва хавфи он ба сокинони сайёра таъкидҳо доштанд. Иброз шуд, ки гурȳӽи созмонӽои ифротгаро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ бештар бо истифода аз ҷавонони сабукандеш, бесавод ва пастфитрат ба ӽама гуна амалӽои зишту нопок, аз қабили кȳштору ғоратгарӣ, одамрабоӣ, хиёнат ба Ватану миллат даст мезананд. Ҳушдор намуданд, ки дар шароити имрӯз ҳар нафар бояд оқилонаю дурандешона амал намояд ва дар мубориза бо ин зуҳуроти нангин муносибати оштинопазир дошта бошад.
Дар қисмати амалии Аксияи ӽизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» аз ӽисоби хоҷагиҳои деӽқонӣ ба як нафар маъюб Файзалии Давлат кумаки молиявӣ расонида шуд.