
ВОКУНИШ. Агар ба таъсисдиҳандагону аъзоёни ин паймон назар кунем, ин паймони миллӣ на, балки паймони панҷ нафаре ҳаст, ки ҳар кадоме ҳадафҳои тиҷоратиро бо роҳи сиёсӣ пайгирӣ карда, бо ин роҳ аъмоли ҷиноии худро, ки дар гузашта содир карда буданд, пушти ин паймони дурӯғин пинҳон мекунанд ва зери чатри созмонҳои ҳуқуқиии байналмилалӣ дар минбарҳо баромад карда, ҷониби Тоҷикистонро бе далел барои нақзи ҳуқуқи инсон гунаҳкор мекунанд.
Имрӯз тааҷубовара он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин паймон, ки роҳбарият ва аъзоёнаш аъзоёни ҳизби террористию эктремистӣ мебошанд, имконият фароҳам овардааст, ки дар ин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намоянд. Ин амалро метавон бозии сиёсӣ ва сиёсати духура номид, ки хелло хатарнок аст.
Дастгирии созмонҳову ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби масъулини САҲА паёмади баде дорад, инро бояд масъулини ин созмони байналмилалӣ хуб дарк намоняд. Агар нияти Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо фароҳамовардани шароити музокира бо неруҳои мухолифини кишварҳо бошад пас бояд САҲА бо риояи қоидаҳои дипломатияи ҷаҳонӣ онро иҷро намояд. Агар мақсади ташкили чунин ҷаласаҳои САҲА барои дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз ташкилотҳои терроистиву экстремистӣ бошад, пас бояд возеҳ инро бояд баён намояд. Мушоҳидаҳо низ нишон додан, ки баъзе аз кишварҳои дигари узви ин созмон аз ҷумла Россия, Туркия ва Озорбойҷон барои баъзе аз риоя накардани қоидаҳои ҷаласа эътирозҳо кардаанд. Созмонҳои байналмилилие, ки воқеан арзишҳои демократиро пайгирӣ мекунанд бо гузашти ҳиллаҳои наҳзатиёнро дарк менамоянд.
Ҳизб ё гурҳе, ки бо маблағи хоҷагони хориҷӣ амал карда, паймону иттиҳод ташкил менамоянд дар худ мақсаду мароми нек дошта наметавонад.
Аз иштироки намояндагони ин паймон дар ҷаласаи САҲА бармеояд, ки пушти инҳо кадом хоҷаи хориҷие меистад, ки барояшон дар чунин ҷаласаҳо шароит фароҳам меоварад.
Агар ба брномаҳояшон назар кунем ин гурҳ на барномаи ислоҳотӣ на иқтисодӣ, на иҷтимоӣ, на тандурустӣ ва на маориф дарад. Куҷост барномаҳояшон? Танҳо аз номи динни мубини ислом истифода карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Лек фаромуш кардаанд, ки алакай дигар миллати тоҷик медонад, ки Ислом чист мусалмон кист. Ин нокасон ҳатто мусалмон нестанд. Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он суиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо теократияи радикалии экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин арзиши ифротӣ аст.
Ғафурзода Фирдавс,
Мудири шуъбаи таблиғоти
КИ ҲХДТ дар шаҳри норак