БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ПЕШРАФТУ ОБОДИИ ТОҶИКИСТОНРО ДИДАН НАМЕХОҲАНД!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо Тоҷикистони мо дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ  дар кадом сатҳ қарор дорад ба ҳама маълум аст. Вале онҳое, ки ташаббускори ҷангҳои онвақта буданд, боз дар пайи халал расонидан, ноором сохтани фазо, расидан ба мақсадҳои зишту нопоки худ кушиш доранд ва дар ҷаласаву минбарҳои САҲА дар шаҳри Варшава баромад карда ҷиноятҳои худро пинҳон карда худро ҷабрдидаву бегуноҳ меҳисобанд.

Воқеаҳои солҳои 2015 хусусан хиёнати генерал Ҳалим Назарзода гувоҳи он аст, ки онҳоро, ҳарчанд медонанд, ки дар Ватан ҳамагон онҳоро мешиносанд, аз аъмоли зишташон огаҳ ҳастанд, боз роҳи туҳмату буҳтону кинапарвариро ба ҳукумат, РРРРРоҳбари давлат пеша карданд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми Тоҷикистон дар як фазои орому осоишта зиндагонӣ доранд. Агар нохушие дар ин байн сар зада бошад, бо ташаббусу дархосту ташкилотчигии воизони дар боло номбаршуда ва гурӯҳи дигаре аз наздикони онҳо ба амал пайвастааст. Охир онҳо бояд бо ҳар роҳу восита ба оромии мо халал ворид созанд. Вале, хушбахтона дар Тоҷикистон  ягон кас ба онҳо бовар намекунад ва аз пайи онҳо нахоҳад рафт. Бо амри тақдир  ва дастгириҳои  мардуми бофарҳангу ватандӯсту инсонсолори кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мақсади худ расид: мардумро муттаҳид сохт, гурезагонро ба Ватан баргардонд, ҷангу хунрезиро хотима бахшид, сулҳу ваҳдатро бунёду барқарор намуд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби роҳбарони қувваҳои бархӯрд, чӣ мухолифину чӣ ҳукумат, инчунин шахсони мусоидаткунанда ба имзо расонида шуд.

Гарчанде  борҳо давлату ҳукумати Тоҷикистон гуноҳашонро борҳо авф карда бошад  ҳам, онҳо ба хулосае наомаданд, боз дар пайи халал расонидани оромии Ватан, расидан ба мақсадҳои зишту нопоки худ ҳастанд.

Имрӯз якояки мардуми Тоҷикистон пешрафту рушду тараққиёти кишвари худро таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо чашмони худ дида истодаанд. Ҳамагон хуб медонанд, ки мақсаду мароми ягонаи ҳукумату давлати Тоҷикистон, бахусус, Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон расидан ба зиндагии шоистаи мардум ва шукуфоии Ватан  мебошад. Дар роҳи расидан ба ин мақсад маҳз, бо дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат халқи тоҷик дар фазои сулҳу осоишу оромиш ба меҳнати содиқонаю суботкорона ва бунёдкоронаю созанда камари ҳиммат баста, бо гомҳои устувор ба ояндаи неку дурахшон  қадам ниҳодааст.

Зебо Икромӣ,

сокини ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg