Паём - ормонҳои мардумро амалӣ менамояд

ПАНҶ. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Музаффар Шомаҳмадзода ва мутахассиси ҳамин шуъба Диловар Холов бобати шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар ҷамоати деҳоти Меҳвар бо истиқоматкунандагон  вохӯрӣ гузаронида шуд.

Музаффар Шомаҳмадзода ва Диловар Холов  дар назди ҷамъомадагон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, баланд гардидани музди меҳнати  командони соҳаи буҷетиву  нафақа ва стипендияи донишҷӯён ҳарф заданд.

Инчунин,  дар баробари  фаъолияти самтҳои афзалиятноки ташкилотҳои ибтидоӣ дар бораи ҷалб гардидани шаҳрвандон  ба сафи ҲХДТ сухаронӣ намуда, баҳри таъсис додани  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳалла аз иштирокдорон  даъват ба амал оварданд.

Дар охир иштирокчиёни вохӯрӣ  фикру андешаҳои худро баён дошта, ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________