БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАЙРАНГУ ДУРӮҒБОФИҲОИ ПАЙМОНУ СОЗМОНҲОИ ДУРӮҒИН АЗ НОКОМИИ МУТЛАҚАШОН ДАРАК МЕДИҲАД!

ВОКУНИШ. Ман ҳамчун як ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони шукуфон ва дурахшону соҳибистиқлол суханҳои бемантиқу бепояи нерӯҳои ҷиноятпеша, ки аз тарси дар пеши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб гуфтану гирифтори ҷазо гаштан, ба хориҷи кишвар гурехтаанд ва дар шабакаҳои интернетӣ дурӯғбофиҳои навро оғоз кардаанд, ки он ба саҳнаҳои ҳаҷви шабоҳат дораду суханҳои бепояву бунёдро ба забон  меоранд ба таҳлил ман ба хулоса меоям, ки бо ин раванд аъзои ТЭТ ҲНИ ва бо модели қолабии “Паймони миллӣ”-ашон аз заволи худ мужда дода истодаанд.

Ман ба чунин қарор омадам, ки ба иқдоми бехирадона ва иғвоангезонаи ба ном озодандешон вокуниши шадид нишон диҳаму симои асосии онҳоро намоён созам. Матни Эъломияи бемантиқи шайтонзодаҳо, яъне нерӯҳои ҷиноятпешаи бо ном “Паймони миллӣ”, ТЭТ ҲНИ, ва Гуруҳи 24, ки худро баррачаи бегуноҳ ва хору залил вонамуд карда, мехоҳанд аз низоми демократии аврупоӣ сӯистифода намоянд ва дар зери дасти бо ном раҳми давлатҳои демократии Аврупо, дар кишвари мо амалҳои террористӣ ва экстремистии худро густариш диҳанд, саросар аз воқеъият ва самимият дур буда, таҳқир ба низоми давлатдории дунявии мо мебошад.

Ман дар ин вокуниши худ мехоҳем аз савияи бинишу фаҳмиши шаҳрвандии худ, ки дар фазои орому осуда зиндагӣ карда иддаоҳои бепояи ин гурӯҳакҳои ҷиноии шикастхӯрдаро шарҳи воқеӣ бидиҳам. Ба унвонии як институти байналмиллалӣ САҲА (ОБСЕ) муроҷиат карда, гуфтаниям, ки чаро ба нишастҳои солонаи худ гурӯҳҳои ифротагарову тундгароӣ ба монанди  “Паймони миллӣ”, ТЭТ ҲНИ, ва Гуруҳи 24 даъват мекунад, ҳоло он, ки аъзои ин созмон танҳо давлатҳо мебошанд, пас чаро дар ҷаласаҳои ин созмон гурӯҳҳои террористиву экстеремистӣ ва лухтакҳои сохтаи қудратҳо ва манфиатбаронро минбар медиҳад? Ин воқеан аз сиёсати духурра ва дугонаи иддае аз сохторҳои байналмиллали шаҳодат медиҳад.

Аз ин хотир мардуми Тоҷикистонро месазад бо тавсияҳои падаронаи Пешвои миллат бояд зираку ҳушёр ва муҳофизи арзишҳои милливу давлати бошем. Чунки душман душман аст, ҳамеша қасди вайрони нобудкорӣ тафриқаандозӣ ва ҷангандозиро мекунад!!!

Дар навбати аввал бояд гуфт, ки овоз надодани аҳолӣ дар интихоботҳо ба аъзои собиқ ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи ТЭТ ҲНИ аз он сабаб буд, ки бидуни мудохилаи кадом ҳизби исломӣ ва ё нерӯҳои дигар, дар кишвари рӯ ба инкишофи иҷтимоии Тоҷикистон тақрибан 4900 адад масҷидҳо дар фаъолият мебошанд, ҳар сол зиёда аз 6000 нафар шаҳрвандони кишвар барои адои сафари ҳаҷ ба шаҳрҳои Маккаву Мадина сафар мекунанд, мусалмонони кишвар, чӣ аҳли тасаннун ва чӣ аҳли ташайюъ, аз ҷумла исмоилиён ва насрониҳову яҳудиҳо масҷиду калисову куништи худро доранд. Давлат ба онҳое, ки лаб ба таҳқири парасторони динҳои дигар мекушоянд, вокуниши қатъӣ нишон медиҳад. Ва монанди ҳамин ҳама диндорони динҳои дар мамлакат вуҷуддошта аз ҳуқуқҳои баробар бархурдор мебошанд. Ҳамин буд, ки шумораи камтарини электорати тоҷик ба наҳзатиҳо овоз дода буданд. Мардум дарк карда буд, ки барои бароварда сохтани эътиқодоти динии худ, мардум ба кадом ҳизбу ҳаракате комилан ниёз надорад.

Дар доираи бузургдошти 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар даҳҳо биноҳои таълимӣ, фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, боғҳои сайругашти мардум, роҳҳову кӯчаҳои мумфарш ба истифода дода шуданд, мамлакат чархаҳои нахустин ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғунро мавриди истифобабари қарор дод. Ҳама дар пайи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари деҳоти кишвар сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом, кӯчаҳои мумфарш ва бунёди дигар иншооти мавриди ниёзи мардум камари ҳиммат бастаанд, аммо ин бадгуҳарони бо ном “Паймони миллӣ”, ТЭТ ҲНИ, ва Гуруҳи 24 роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, то ба осудагии мардум халал ворид кунанд.

Мехоҳанд, тоҷикон боз ҳам иштибоҳҳои таърихи давлатдории худро такрор намуда, дар сафи вопасмондагони ҷаҳон қарор гиранд. Аммо ин бехабарони сияҳкор яъне бо ном “Паймони миллӣ”, ТЭТ ҲНИ, ва Гуруҳи 24, ки кирмҳои бухлу бадкирдорӣ, мағзи сарҳояшонро мехӯранд, ҳаргиз ба ҳадафҳои нопокашон нахоҳанд расид.

Бо хулосаи одди метавон изҳор дошт, ки хоинони миллату давлати мо, ки имрӯз аз дур ба сари миллату давлати соҳибистиқлоламон сангрпартои мекунанд шармандаи давру замон гаштаанд ва комилан аз ин амалашон пушаймон мебошанду аз сарпарастонашон бо матали мардумии “Аз ҷон дида зиёдтар метарсанд” ва ба амалҳои хиёнаткоронаашон идоима дода истодаанд. Метавон гуфт, ки онҳо дигар ҳеҷ барномаи бунёди барои фиреб додани мо тоҷикон надоранд ва танҳо ба найрангбозиву дурӯғбофиҳо пардохтаанд, ки аз нокомии мутлақашон огоҳи медиҳад.

Мо ҷавонон Ватанамонро бозҳам ободтар сохта, худро хушбахт меҳисобем. Инро метавон дар чеҳраҳои кӯдакони либосҳои сафеди оҳарӣ бар тан ва равон ба сӯйи бинои мактаб, дар рақсу таронасароиҳои духтарони ба бар пироҳанҳои чакану атлас, дар варзишгоҳҳои пур аз тамошобин, дар сайругашти ҷуфтҳои ҷавон ва падару модарони бо кӯдакони хушбахти худ дар тамошои чаманистону гулистонҳои Ватан метавон дид.

Бо садои баланд баён мекунам, ки Истиқлоли мо, сарбаландии мо бебаргашт аст!

Амирзода Аловуддин Қурбоналӣ,

 ҷомеашинос, сокини ноҳияи Кӯшониён.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg