БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАЛАСАҲОИ САҲА БА МИНБАРИ ТЕРОРРИСТОН ТАБДИЛ ЁФТААСТ!

      ВОКУНИШ. Ҳоло дар ҷаҳон созмонҳои зиёди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавҷуданд, ки дар ҷаласаҳои худ ба ҳизбу гурӯҳҳо, новобаста ба он ки он чи гуна ҳизбу гурӯҳ аст, аз ҷумла ба ҳизбу гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ  минбари сухан медиҳанд. Чунин ҳолат соли гузашта дар ҷаласаи солонаи САҲА ба мушоҳида расида буд. Охири кор ба занозанӣ байни намояндагони Тоҷикистон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ  анҷом ёфт. Зеро аъзои ин ҳизби дурӯғин бо роҳи ҳилла мехост ба дасти собиқ мубалиғи ин ҳизб Айёмиддин Сатторов, ки   аз он рӯй гардонида ҳизби террористӣ, хунхор, ватанфурӯш ва мазҳабфурӯш будани ҲНИ ва сарварони онро аз тариқи воситаи ахбори оммаи ҷумҳурӣ  ошкоро баён намуд ва барои дубора тасдиқ намудани фикри худ ба ҷаласаи САҲА даъват гардида буд, лавҳаи бо забони англисӣ зидди сиёсати давлати Тоҷикистон навиштаро дода, акс бардоштани буд. Ва ин амали ҳиллагаронаи наҳзатиён боиси занозанӣ гардид. Агар ин кор рух намедод, дар таги акси гирифташуда дар рӯзномаву маҷаллаҳои иғвоҷӯёна нисбати давлату миллат тоҷик чӣ туҳмате интишор наменамуданд.

            Имсол ҳам чун Аҳмади порина дар ҷаласаи САҲА, ки аз 16 то 26 –уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) шаҳри Варшава мегузарад, ба душманони миллату давлати тоҷик, гуруҳҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, Гуруҳи -24 минбари сухан дода шудааст.

         Мо хуб медонем, ки душман ҳеҷ гоҳ аз душманӣ намемонад. Ҳамчунин медонем, ки гурӯҳҳои дар боло номбаршуда душманони ашадии давлату миллати тоҷиканд. Инҳо ҳамонҳое буданд, ки барои нафси бади худ ва соҳиб шудан ба курсии роҳбарӣ мардумро бехонумон, нонгадову ватангадо, хонаи бисёриҳоро мотамсаро гардонда буданд. Боз шарм надошта сари худро ба куҷое рост ояд мехалонанд ва ҳар чи бар забон ояд мегӯянд. Зеро онҳо умедашонро аз баргаштан ба Ватани ҳамешабаҳору гулпӯши Тоҷикистон кандаанд. Ҳамаи он суханони бофтаю сохта ва по дар ҳавои онҳо, аз минбари созмонҳо баромад намудани онҳо ба он хотир аст, ки ҳусни таваҷҷуҳи хоҷагони худро нисбаташон ҷалб намоянд ва чанд пулаке барояшон садақа намоянд, то ки аз гушнагӣ намуранд.

    Оё аз ин дида пастӣ ва разилӣ мешавад? Марди ба номус аз ин ҳол дида мурданро авлотар медонад. Вой бар ҳолатон пасттинатони ватанфурӯшу миллатфурӯш.

          Саидҷалол Сатторов,

мудири шуъбаи таблиғот,

иттилот ва матбуоти КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg