БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паймоне, ки аҳдаш ноустувор аст!

ВОКУНИШ. Аввалин калимае, ки як мусалмон ба мусалмони дигар ба унвони муҳаббат ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба забон меорад, «Ассалому алайкум» аст, ки ин нишондиҳандаи дӯстӣ, ва аз дасту забони якдигар амон будан аст.

Дар сураи «Бақара» ояти 191 Худованд башорат медиҳад, ки «Фитнаангезӣ аз куштор бадтар аст».

Ба қавли ҷомеъашиносон, исломиҳои пасипардагӣ, хизматгорони хоҷаҳои хориҷӣ, посдорони Паймони миллии ҷонобони Кабирии гумроҳ, Шарофиддини ватанфӯрӯш, Саидюнуси Истаравшанӣ, дар аврупову баъзе кишварҳои исломӣ паноҳ бурда, бар хилофи динни мубини Ислом ва ҳадису каломҳои осмонӣ амал намуда, мехоҳанд бори дигар бо маҳфилороию анҷуманбозию паймонсозиашон миллати тоҷикро ба гумроҳи баранд. Лекин ҳама кӯшишҳо, ин ҳама даву тозҳо беҳудааст, зеро имрӯз миллати тоҷик бедорасту чеҳраи воқеии разилонаи душманонашро мешиносад.

Садҳо маротиба афсус мехӯрам, ки ин бадбахтон тоҷиканду онҳоро      модари тоҷик ба дунё овардаву дар хоки Тоҷикистони азиз ба воя расонидааст.

Ба қавли шайх Садии бузургвор:

 

Саъдиё Шерозиё таълим мадеҳ бадзотро,

         Бадзот агар доно шавад, санге занад устодро.

 

         Ин мисраҳои шеъриро садсолаҳо қабл маҳз барои Шарофиддин Гадоев Муҳиддини Кабирӣ, Темур Варақӣ, Алим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Сулаймон Давлатов ва даҳо чунин бадзотҳо гуфтаанд, ки имрӯз шоҳиди ҳол аст.

         Мусаллам аст, ки агар давлате побарҷо ҳаст ва тараққиёту пешравӣ дар он дида мешавад, интизории ҳар руйдоди хуш ва нохуш аст. Чашми ҳасудбинон доимо дунболи хиёнат, мансаб, зарар ва задании теша бар решаи миллат ва давлат аст, ки ба ин ҳасудон шумо харгушони гурезони луқмаи гургон мисол шуда метавонед. Имрӯз давлати Тоҷикистон бо доштани зиёда аз 9 миллион  нафар аҳолии хеш дар ҷаҳон бо Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати пешоҳанг ва сулҳофар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар тамои дунё омӯхта мешавад. Албатта давлате, ки миллаташ дар гирди роҳбари сиёсиаш мутаҳид аст вай давлат қудрат дорад.

Имрӯз ҳамчун як зан, модар афсус аз он мехурам, ки сиёсатмадорони кули ҷаҳон ба қудрати сулҳофаринии миллати тоҷик ва Пешвои сарсупурдааш садҳо таҳсину офарин мехонанду лек ду се нафар бозичаи дасти хоҷагон, ки ин миллат бо айби ин шахсиятҳо муддате ба чоҳи зулмот рафта буд, худро тоҷик муаррифӣ намуда, аз номи миллати тоҷик сухан мегӯянд. Миллати тоҷик аз шумо барин миллатдорону паймонсозон садҳо маротиба безор аст, зеро шуморо аҳду паймони худатон ноустувор аст, шумо сагони косалесе беш нестед.

Ин паймондорон мисли ҳамон арусаконе ҳастанд, ки танҳо бо супориши хуштоманҳо кор мекунанд, супориш, ки нашуд хоб мераванд, на парвои хонаву на зиндагии оянда доранд. ҳадафашон танҳо якаст, дар чашми хуштоман ширин намоён шудан…

Фаъолияти Паймони миллии Тоҷикистон низ ҳамин аст. Гоҳҳо аз ҳар сурохи барои адои пулҳои хурдаашон садо баланд мекунанду гоҳҳо мисли гусфанд дар ҳар сурохӣ пинҳон мешаванд.

Ин хоинон танҳо як мақсад ва як маром доранд, ин ҳам бошад мансабхоҳию мансабталошӣ ва ба даст овардани маблағ дигар ҳеҷ… Агар аҳди наҳзатиҳо устувор мебуд то ба имрӯз танҳо аз номи як ниҳод - ҳизби наҳзати исломӣ мубориза мебурданд, вале бубинед ҳар рӯз ташкилот ва ё паймоне месозанд, ки аҳдаш ноустувор аст.

Ба кули модарони азиз ва ҷавонони кишвар муроҷиат намуда гуфтаниям, ки  зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, фарзандонро дар рӯҳияи ватандорию ватандӯстӣ ҳидоят намоед, зеро Ватан гаҳворест, ки мо дар оғуши гарми модаронааш бо ҳазор орзуву умед ба воя мерасем. Ватан сароғози ҳамаи ҳастӣ ва пушту паноҳи ҳар соҳибватан аст.

Саёҳат Абдуллоева –

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи

 ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg