БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲ – БАЁНГАРИ ОРЗУҲО!

АНДЕША. Барои ҳамагон аён аст, бо ба даст овардани Истиқлолият дар Тоҷикистон зиндагии мардум ба куллӣ рӯ ба тағйирот овард. Чун давлат мустақил шуд, мардум низ дар фазои сулҳу субот оромона умр ба сар мебурд. Тинҷию оромӣ  орзуи ҳазорсолаи мардум буданд, ки чун хуршеди тобон нурҳои умедбахши худро равона сохт. Вале ҳарчанд, давлат мустақил шуда буд, баробари он мушкилиҳо низ пайдо шуд. Аммо миёнаҳои солҳои 90 уми асри гузашта ба ин ҳама пешравию комёбиҳои давлати мустақилшуда гӯё чашм расид. Дар байни мардум сару садоҳо зиёд шуд. Дили бекинаи онҳо пур аз дарду алам шуданд, чунки ҳасудӣ ғолиб омада буд. Ниҳоят кор то ба ҷое расид, ки дар байни онҳо шӯру ғавғо бардошта шуда моҳи маи  соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд.  Ҳамаи он боис гардид, ки мардум тарки Ватани хеш карда ба кишвари дигар гуреза шуданд.

     Хушбахтона Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри “Арбоб”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид,  ҷомеаи тоҷиконро аз буҳрони шадиди сиёсӣ раҳо бахшид. Чунки марди ватандӯст, диловару шуҷоъ роҳбарии ҳамин Тоҷикистони ба коми оташ рафтаистодаро  ба дӯши худ гирифта ваъдаи ҷавонмардона дод, ки “То охирон тоҷикистониро ба Ватан барнагардонам худро ором ҳис намекунам. Ман дар Тоҷикистон сулҳро таъмин менамоям ё дар ин роҳ ҷони худро қурбон месозам”.

Ҳукумати ҳамонвақтаи Тоҷикистон бо сардори Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишҳои худро ба он равона месохт, ки мардумро ба зодгоҳи худ баргардонад. Ба воситаи радио, телевизион ва рӯзномаҳо тарғибот мекарданд. Ҳатто дар он солҳо мардуми дур аз Ватан тамоми навгониҳоро ба воситаи радио мешуниданд, барномаи махсуси радиоӣ ба монанди “Хоки Ватан”, “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” таҳия шуда, онҳоро ба дил наздик месохт. Номаҳо ба наздикон ирсол мешуд ва ҷавобҳо ба воситаи радио пахш мешуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ  маълум, ки ба сари мардуми Тоҷикистон хонавайрониҳо ва сарсониҳои гӯшношунид овард.

27 июни соли 1997 баъди талошҳои шабонарўзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  байни Ҳукумати Тоҷикистон  ва сардори Нерӯҳои опозитсионии тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ баста шуд. Комиссияи Оштии Миллӣ кунун барои амалишавии сулҳу субот таҳкурсӣ гузошт, ки имрӯз намунаи сулҳ дар ҷаҳон аст.

    Баробари пурқувваттар гардидани Истиқлолияти кишвар Тоҷикистон дар араси байналхалқӣ обрӯ ва мартабаи хоси худро соҳиб мегардид. Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои тинҷу ором ва рӯ ба тараққӣ оварда ба ҳисоб мерафт.

Вале бархе аз курдилоне, худ бо обу нони Тоҷикистон ба воя расидаю ба мартабаҳои илмию сиёсӣ соҳиб гардидаанд, имрӯзҳо мардуми соддаю ҷавонони шуури ҳуқуқию фарҳангӣ ва илмии паст доштаро бо ақидаҳои ифрогаронаи худ саргаранг намуда, ба роҳи нодуруст бурда ба гуруҳҳои чапгароию ифродгароёна равона месозанд. Онҳо бо ин амали худ мехоҳанд, ки ҷомеаи орому бонизоми моро халалдор намуда, обрӯю эътибори кишвари моро дар байни дигар давлатҳо паст зада, нобоварии мардумро нисбати Ҳукумати Тоҷикистон, нисбати сарвари кишвар, Пешвои миллат афзун гардонад.

   Бояд тамоми мардуми соҳибақлу маърифатноки тоҷик фаромӯш насозанд, ки дар соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон Тоҷикистонро дар кадом ҳолат соҳибӣ карда буд. Имрӯз ба ивази ҷони ҷавони худ Пешвои миллат Тоҷиикистонро ба кишвари биҳиштосо табдил додааст. Месазад, аз ҳамон шахсони кӯрдилу беамал суол намоем, ки худи онҳо барои Ватан чӣ хизмате, карда бошанд. Касе, ки заҳмати чандинсолаи Пешвои миллатро қадр намекунад, соҳибватан несту аз бани Одам нест. Зеро аз берун истода ба Ватан санг задан хислати аҳриманист.

 

Туйчиева Садбарг,  узви гурӯҳи вакилии  ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони ноҳияи Шаҳритуз.

                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg