БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ АЗ ВАЗИФАҲОИ ҲИЗБИЁН АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Себзор» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯи «Пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир  баргузор гашт.

Дар чорабинӣ корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар хусуси масъалаи ба миён гузошташуда муфассал суханронӣ намуданд. Аз ҷумла  зикр шуд, ки  афзоиши таъсири васоитаи ахбори оммаи хориҷӣ ба афкори умум, дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакат метавонад таҳдид ба бор оварад.  

Иброз шуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба забони тоҷикӣ низ таъсир мерасонад. Бинобар ин, поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи васоити ахбори омма маҳсуб меёбад. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавии тамаддуни иттилоот бояд чораҳо андешид, ки рузноманигории тоҷик бо забонҳои русӣ ва ҳам англисӣ низ вусъат ёбад ва рақобатпазир бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg