БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ НАНГИН АСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Зарнисор» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун   ва аъзоёни  ташкилоти ибтидоии болозикр дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ доир гардид.  

 Масъулон аз ҷумла қайд доштанд, ки ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия  солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои ин зуҳуроти номатлуб зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ  таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

Дар доираи  амалии қисмати Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарнисор»    ба як оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи  250 сомонӣ кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg