БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ МУАЙЯКУНАНДАИ РОҲИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

ҶАЙҲУН:  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандū.

        Дар ташкилоти ибтидоии «Зарбдор»     кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

       Иброз шуд,  ки Тоҷикистонро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз   ҷаҳониён мешиносанд ва хушбахтона халқи дунё ба тамоми рукнҳои давлатдории миллии мо эҳтироми хоса доранд, ки ин барои мо мояи ифтихору шараф ва иқболи накӯ аст. Пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистон аз шарофати Истиқлолият, сиёсати ояндаофари халқи тоҷик ва хираду тавоноии мардуми бо нангу номус ба ҳазорсолаҳо баробар аст, ки имрӯз ҳамаи мову шумо бевосита шоҳиди ин рӯйдодҳои тақдирсоз ҳастем.

        Дар охири чорабинӣ   бо мақсади дастгирии  оилаҳои ниёзманд  аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарбдор» ба як нафар хонанда аз оилаҳои ниёзманд либоси мактабӣ кумак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg