БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛ АЗ ХИЁНАТИ ФАРЗАНДОНИ НОХАЛАФ НИГАРОНӢ КАРД

ҶАЙҲУН: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ

       Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат бо сокинони ноҳия ва интихобкунандагон баргузор гардид.

      Дар рафти мулоқот мавсуф  доир ба фаъолияти вакилии хеш  маълумот дода, перомуни ба дастовардҳои назаррас ноил гардидани мардуми шарифи кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.

       Вакил дар бораи самараҳои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз сарфи  назар гардидани муқаррароти қонунҳои мазкур аз ҷониби бархе аз сокинон изҳори нигаронӣ кард.

       Ҳамзамон номбурда оид ба пешгирии ҷудовашавии оилаҳо, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  мулоҳизаронӣ карда, аъмоли хиёнаткоронаи бархе аз фарзандони нохалафи миллатро бобати барангехтани кинаву адоват байни мардум ва сокинони кишвар маҳкум намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg