БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ИҚДОМ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶОМЕА МЕБОШАД

 ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   

      Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Сари ҷангал” ҷаласаи ҳизбӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид.

     Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд, идома дорад. Он бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ва мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ равона шудааст.

     Дар охир мардуми маҳал вобаста ба ин иқдом гирифтанд, ки чиҳати ҳалли проблемаи мактаб саҳмгузор шаванд. Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Сари ҷангал” ба китобхонаи муассисаи таълимии №17 китобҳои дарсӣ ва бадеӣ  такдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg