БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИН ҲЕҶ ГОҲ МУВАФФАҚ НАМЕШАВАД

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

       Дар ташкилоти ибтидоии “Нурофарон” қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.

      Бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр ба 6 нафар ҷавонон ва занон аз оилаҳои ниёзманд кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.   Эҳтиёҷмандон иқдоми инсондӯстонаро давоми ғамхориҳои пайвастаи  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ нисбати  ниёзмандон дониста, миннтадории хешро  баён карданд.   

      Қумриниссо Гулмуродзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак зимни суханронӣ аз ҷумла зикр намуд, ки  имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи дурахшони худ қадам мезанад, вале мутаасифона баъзе аз хоинони миллат ин пешравиҳои моро нахоста, монеаҳо эҷод менамоянд. Аз ҳамин хотир мо  шаҳрвандонро зарур аст, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат якҷоя зидди ин хоинону душманони миллат даст ба дасти ҳам ниҳода, муборизаи беамон барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg