БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ НИЁЗМАНДОН МО МАСЪУЛЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Бо мақсади пушбитонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва ташкилоти ибтидоии  “Дӯстӣ”-и деҳаи Чимғиличи Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён ба 2 оилаи ниёзманди ҷомеа  кумаки молиявӣ  расонида шуд. Онҳо аз  иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён шукргузор буда,   изҳори сипоси  хешро   баён доштанд.  

     Дар қисмати  сиёсии чорабинӣ  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки ҷамъомадагон расонида шуда,   барои  саҳм гузоштан дар  корҳои ободониву созандагӣ,  дӯст доштани Ватан ҳидоят   шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg