БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК СОЛИ “ПАЙМОНИ ДУРУҒИН”!

ВОКУНИШ. Таъсиси ин паймони дурӯғин (Паймони миллӣ), пеш аз ҳама ҳадафи тиҷоратӣ дорад. Ин паймони дурӯғин, ки худ як шохаи ТТЭ ҲНИ аст ягон нишонаҳои аҳду паймоне, ки ба ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои миллӣ мардуми Тоҷикистон рабт дошта бошад, дида намешавад. Кабирӣ, ки худ тоҷир аст ва даромади худро бо роҳҳои сиёсӣ ба даст меорад, ин паймонро бо ҳадафи ҳимояи манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ таъсис додааст. Бино бар сабаби он, ки ҷомеъаи ҷаҳон дар чеҳраи наҳзатиҳо, ки ҳамеша зери ниқоби ислом пинҳонаш мекарданд, хатари ҷиддиии терроризму экстримизмро эҳсос намуданд, кишварҳои аврупоӣ ва исломӣ маблағгузориро ба ТТЭ ҲНИ қатъ кардданд. Ба ин хотир лозим буд, ки барои таваҷҷуҳи хоҷагон ҷалб намудан ягон чораҳои зарурӣ андешанд.

Моҳи августи соли 2018 бо мақсади замина гузоштан ба таъсиси паймони дурӯғини худ, боз дурӯғеро руи кор оварданд. Яъне пеш аз ҷаласаи солонаи САҲА дар моҳи сентябри соли 2018 як нафар бо номи Маҳмадали Расулов “Гуё” афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бошад ба навор гирифта, номбурда дар ин навори дурӯғин идаоъ мекунад, ки аз ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даст мекашад ва намехоҳад, ба куштори ҳамватанони хеш даст бизанад. Аммо баъд аз пахши навор дар фазои интернетӣ аз суи ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба дуруғу сохта будани суханони шахси дар наворбуда, бархурди ҷиддӣ сурат гирифт. Аксариат ин наворро амали дасти наҳзатиён номиданд. Нафарони дигар, он шахсро хиёнаткору ватанфурӯш номиданд. Ҷолибтар аз ҳама муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷбудаи тоҷик эътироф карданд, ки ин нафарро мешиносанд ва ба қавли онҳо “Профессиональный мошенник” аст. Маълум гашт, ки он шахс дар Русия барои дуруст намудани ҳуҷҷатҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз онҳо пул гирифта, баъдан ғайб мезадааст. Барои чунин амалҳояш ба рӯйхати сиёсӣ мафиозҳои криминалӣ афтида, қасди ҷони уро доштанд. Ягона роҳи наҷоташ аз ин мушикилӣ пешниҳоди Кабириро қабул намудан дар мавриди ба навор гирифтани у ҳамчун афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Ёдовар мешавем, ки дар пайи пахши навори мазкур моҳи августи соли 2018 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изоҳорот дод, ки чунин корманд надоранд.

Баъди таҳқиқу таҳлилҳо маълум гашт, ки ин бозиҳои Муҳиддин Кабирӣ будаст. Асли воқеъа чунин аст: Баъд аз он, ки чандин нафар аз аъзои Раёсати олии ташкилоти терористӣ экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ барои эътирофи ҷиноятҳояшон худро ба мақомоти қудратии Тоҷикистон таслим намуда, ҳадафҳои разилонаю хиёнаткоронаи Кабирию ҳамаслаконашонро, ки аз суи мақомоти разветкавии кишварҳои маълум, ифшо гардид, шакку шӯбҳа дар байни дигар аъзои ТЭТ ҲНИ ба вуҷуд омад. Ин омил боис гардид, ки гурӯҳу паймонҳои дурӯғин аз ҳам ҷудо шаванд ва аз Кабирӣ дурӣ ҷӯянд. Чунин ранг гирифтани кор ба он оварда расонид, ки эътибор ва нуфӯзи Кабирӣ рӯз то рӯз танг шудан гирифт. Аз суи дигар кишварҳои авруппоӣ ба хотири он, ки ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ фаъолиятҳояш характери динӣ ва террористӣ-экстримистӣ дорад ва метавонад шаҳрвандони кишварҳои авруппоиро таасубгар намоянд, аз кӯмак кардан ба онҳо даст кашиданд. Баъд аз чунин бохтҳои бузурги сиёсӣ барои онҳо ва чунин ранг гирифтани кор бо дастури хоҷагонаш, ки маблағҳои калонро барои фаъолиятҳои хиёнаткоронааш ба Кабирӣ дода буданд, лозим буд ба ҳар роҳу васила гурӯҳҳои парокандашударо ҷамъ намуда, бо либоси нав зуҳур намояд ва фаъолиятҳояшро идома диҳад.

Сипас, бо дастуру роҳнамоиҳои ҷосусони “кишварҳои маълум” қарор доданд, ки бояд пеш аз ҷаласаи солонаи САҲА, ки моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) баргузор мегардад, Кабирӣ бояд як нафарро ба навор гирифта, онро ҳамчун корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ кунад ва дар шабакаҳои интернетӣ пахш намоянд. Сипас, барои ин кор Маҳмадали Расуловро, ки ягона илоҷи зинда монданаш пешниҳоди Кабириро қабул намудан буд, ба ин кор розӣ мешавад.

Кабирӣ он шахсро моҳи августи соли 2018 ба навор гирифта, дар фазои интернетӣ пахш намуд. Бо ин навор нишон додан хост, ки гӯё ин шахс бо ТТЭ ҲНИ ягон иртибот надорад. Ин ҳадаф аз як тараф таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонро суи ташкилоти терористӣ экстеремистии наҳзати ислом ҷалб намуд ва аз тарафи дигар “Гӯё” исбот кардан хост, ки Кабирӣ ва дигар мухолифин зери хатари ҷиддӣ қарор доранд ва ҷомеъаи ҷаҳон ба онҳо бояд кӯмак кунад. Аз суи дигар Кабирӣ бо ҳиллаву найранг аъзои гурӯҳҳои дигарро, ки аксариат бесаводу камтаҷриба ва пароканда буданд, бо пахши ин навор онҳоро низ тарсонида, “Гуё” бо ин кораш исбот намуд, ки кормандони мақомоти амниятӣ дар дохилӣ онҳо низ ҳаст. Агар мо якҷо нашавем моро зуд аз байн хоҳанд бурд. Дар он шабу рӯз “Обсофкунакҳои” наҳзатӣ (ба қавли худи онҳо) ин масъаларо дар сомонаву саҳифаҳои интернетии худ барои мутақоид намудани дигар гурӯҳҳо пушиши дигар дода, ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намуданд.

Сипас, дар ҷаласаи САҲА 12 – сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Полша зери чатри ҳомиёни ҳуқуқи башар чанд гурӯҳе, ки танҳо бо ном вуҷуд доштанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад онҳоро мухолифини сиёсӣ номид, боз як ташкилиоти дуруғинеро бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис доданд.

Ёдовар мешавем, ки ин ташкилоти навтаъсис шохаи нави ташкилоти террористӣ-экстримистии наҳзати исломӣ мебошад. Ва як чанд рӯз пеш ҷашни солгарди таъсиси худро ҷашн гирифтанд. Яъне як созмоне, ки танҳо дар шабакаҳои интернетӣ саҳифаи расмӣ дорад ва бо дурӯғу туҳматҳо ва суханони подарҳавои роҳбаронашон миёни корбарони шабакаҳои интернетӣ таблиғоту ташвиқот мебаранд, чунон худро бузургу пурқудрат нишон дода ҷашн гирифтанд, ки мисли “Аз пашша фил сохтан”-ро мемонд.

Ҳадафи дигари таъсиси паймони миллии Тоҷикистон ва баромадҳои мустақими видеоӣ дар шабакаҳои интернетӣ аз он иборат аст, ки ҳамакнун ҷомеъаи ҷаҳон, махсусан, давлатҳои авруппоӣ эътироф намуданд, ки ҳизби наҳзати исломӣ воқеъан ҳам ташкилоти террористӣ-экстеремистӣ мебошад ва аз суи давлатҳои исломӣ махсусан баъзе кишварҳое бо мо дӯст ва ҳамфарҳанг, ки то андозае имрӯз пуштибони тероризми ҷаҳонӣ аст, маблағгузорӣ мешавад ва хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи авруппо аст, аз ин лиҳоз давлатҳои авруппоӣ ба ташкилоти ТТЭ ҲНИ ва созмону ташкилотҳои зертобеъи онҳо маблағгузориро қатъ намуданд. Бо ҳамин хотир барои Кабирӣ як ташкилоте лозим буд, ки фаъолиятҳояшро пушиши дунявӣ дода, пиёда намояд. Маҳз барои пиёда кардани ин ҳадаф Паймони миллии Тоҷикистонро ташкил намуданд.

Як чизро бояд дарк намоем, ки қоидаи сармоягузорӣ ба чунин ташкилотҳо ҳамин аст, ки ба он нафаре ё ташкилоте пул дода мешавад, ки агар аз руи принсипу қоидаҳои онҳо амал кунад. Кабирӣ низ аз руи принсипҳои онҳо амал карда истодааст. Як дам худро пушдибони дину мазҳаб тарошида ба оғуши охундҳои эронӣ мепартояд, як дами дигар ба оғуши арабҳо ва як дами дигар худро ҳамчун сиёсатмадори дидгоҳи дунявидошта, ба оғуши созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва давлатҳои авруппоӣ мепартояд. Ҳамин аст, шеваи мубориза барои гурусна намондани Кабирӣ ва наздиконаш.

 

Шаҳбози Искандар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg